• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ОЗМУНҲОИ “БЕҲТАРИН ХОНИ НАВРӮЗӢ” ВА “РӮЗНОМАИ ДЕВОРИИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД!

16 марти соли 2022 дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни донишҷӯёни курсҳои 1-4-уми факултет озмун зери унвони “Беҳтарин хони Наврӯзӣ” ва “Рӯзномаи девории беҳтарин” баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки қисми аввали озмун бо тақдими медали “90-солагии ДДОТ ба номи С.Айнӣ” ба мудирони кафедраҳои факултет Ёрмаҳмад Тӯраев ва Раҷабгул Рамазонова аз ҷониби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ Зикирзода Ҳобилҷон ва декани факултет Мадина Дадобоева сурат гирифт.

 

Дар қисми дуюми чорабинӣ  аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳогузорӣ ба “Беҳтарин хони Наврӯзӣ” ва “Рӯзномаи девории беҳтарин” сурат гирифт. Дар ин чорабинӣ аз се кафедраи факултет 21 хони Наврӯзӣ ороста шуда, аъзои ҳакамон аз рӯйи шартҳои озмун натиҷагирӣ намуда, ҷойи аввал насиби донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси  психологияи педагогӣ, ҷойи дуюм насиби донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси олегофреннология-таърих ва ҷойи 3-юм насиби донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси психологияи муносибатҳои оилавӣ гардид, ки хеле ҷолибу хотирмон буд.

Суратгузориш аз рафти озмун:


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj