• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАНТАНАИ  НАВРӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲ

19-уми марти соли 2022 бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки аҳли раёсат, устодону донишҷӯён ва меҳмонон баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшида, кулли ҳозиринро бо фаро расидани ин ҷашни миллии тоҷикон табрику муборакбод намуд. Сипас, сарояндагон аз ансамблҳои “Шашмақом”, “Дарё”, “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ансамбли “Чеҳранамо” – и донишгоҳ барномаи фарҳангии бошукӯҳеро пешкаши ҳозирин гардониданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор устодони донишгоҳ медали ҷашнии “90 – солагии ДДОТ ба номи С.Айнӣ”, “Ифтихорнома”-ву “Сипоснома” – и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва “Ифтихорнома”-и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj