• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ХАМКОРИИ ДУҶОНИБА РАВНАҚ МЕЁБАД

28 марти соли 2022  намояндагони Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия Серова Олга Александровна – муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои ҳуқуқ, Савриев Игор Евгеневич – ҳамоҳангсози робитаҳо миёни ДДП ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лобаров Дмитрий Сергеевич –котиби масъули комиссияи қабули ДДП ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилаӣ Аъзам Байдуллоев, Бахтовар Карабаев – директори маркази таҳсилоти муттасил педагогикаи ҷаҳон ва Ғайрат Шакарбеков – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ  мулоқот карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва илмию омӯзгорӣ, таъсиси ихтисосҳои шабакавӣ (дудиплома) дар самтҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо оид ҳаракати академии донишҷӯёну омӯзгорон, ташкили конфронсҳои муштараки маҷозӣ (онлайнӣ) ва машғулиятҳои сайёр ба мувофиқа расиданд. Аз ҷониби ҳайати намояндагони ДДП ихтисосњо дар зинаи магистратура муаррифӣ карда шуд, ки дар онҳо хатмкунандагони ДДОТ ба номи С. Айнӣ тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил карда метавонанд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо раванди таҷдид ва имзои Созишномаи дуҷониба ва таҳияи нақша-чорабиниҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намуданд.

Суратгузориш аз рафтӣ мулоқот:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj