• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ДОНИШГОҲИ МО ДАР АРСАИ БАЙНАЛХАЛКӢ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ узви вобастаи Шурои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва (ДДОМ) – ташкилоти базавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омода намудани кадрҳои педагогӣ мебошад, ки ба ҳайати он донишгоҳҳои пешқадами омӯзгории ИДМ шомиланд. Ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои Шурои ҷамъиятии ДДОМ, Маркази байналмилалии таҳсилоти омӯзгорӣ (МБТО), лоиҳаҳои муштараки (байналмилалӣ)-и тадқиқотӣ, дар назди шуъбаи робитаҳои байналмилали ДДОТ ба номи С. Айнӣ «Маркази рушди таҳсилоти муттасил ва педагогикаи ҷаҳон» таъсис дода шуд, ки аз моҳи март инҷониб фаъолият дорад.

Дар доираи фаъолияти марказ, донишгоҳ дар ду вебинари МБТО (03.03.2022 ва 24.03.2022) дар мавзуъҳои ташкили портали ягонаи таълимӣ барои донишгоҳҳои омӯзгории кишварҳои узви ИДМ, ташкили роҳнамои маҷозии иттилоотӣ барои муаррифии донишгоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ, иштирок намуд. Моҳи апрели соли равон марказ дар мавзуи тадқиқотии «Таҳияи меъёрҳо ва технологияи мониторинги сифати таҳсилот дар донишгоҳҳои омӯзгории кишварҳои узви ИДМ»  ширкат меварзад. Моҳи октябри соли 2022 бошад, марказ равзанаи байналмилалиро ҷиҳати муаррифии машғулияти назариявии як омўзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ барои донишгоҳҳои шарик дар доираи лоиҳаи «Лексияи тиллоӣ» банд намудааст.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj