• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АДАБӢ БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД АЙНӢ

16 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёт бахшида ба 144-умин солгарди зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ маҳфили илмию адабӣ баргузор карда шуд. Ҳамоишро ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш аз заҳмату ҷонфидоиҳои С. Айнӣ дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон ёдовар шуд.

Сипас, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт Аъзам Худойдодов оид ба нақши асари “Намунаи адабиёти тоҷик” дар пойдории забону миллати тоҷик, ки қариб дар зери фишори бадхоҳони миллат ба нестӣ мерафт, ибрози ақида кард. Мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт профессор Шамсиддин Солеҳов оид ба рўзгор ва пайкори устод Айнӣ сухан ронд. Мењмони гиромиќадри мањфил Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод оид ба фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ сухан ронд. Бояд зикр кард аз ҷониби раёсати донишгоҳ Урун Кӯҳзод, ки худ хатмкардаи ин даргоҳи муқаддас мебошад, барои хизматҳояш дар пешрафти соҳаи маориф ва нақши ӯ дар рушду такомули адабиёти муосири тоҷик бо нишони 90-солагии ДДОТ ба номи С. Айнӣ қадрдонӣ карда шуд. Ҳамзамон ғолибони озмуни “Офтоби тарбият”, ки чанде пеш баргузор гардида буд, мукофотонида шуданд. Баъдан барномаи ҷолиби адабие, ки аз тарафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик омода карда шуда буд, баҳри болидахотирӣ ба ҳозирин пешкаш карда шуд.

Суратгузориш аз рафти маҳфил:

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj