• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ИЛМУ  МАОРИФ   ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар конфронси илмиву амалии кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2022-2026) ва солҳои рушди саноат (2022-2026) масъалаҳои муҳимтарини ин соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Мудири кафедра, профессор Саидмуроди Хоҷазод оид ба мушкилоту масоили ҳалталаби илми муосири тоҷик, роҳҳои рушд ва муаррифии дастовардҳои навини олимони мамлакат, истифодаи натиҷаҳои таҷрибаи пешрафтаи олимони хориҷа, роҳандозии ҳамкории мутақобилаи судманд бо олимони хориҷа дар ҷодаи илму маориф ибрози назар карда таъкид намуд, ки аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф  моро водор мекунад, ки дар баробари илмҳои ҷомеашиносӣ бобати рушди илмҳои табиатшиносиву риёзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба ин васила  рушди саноати миллиро такони тоза бахшем.  Профессор Саидмуроди Хоҷазод чопи асари дуҷилдаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат»- ро дар ҷодаи илми забоншиносии муосири тоҷик дастоварди нодир номид. Дар маърузаи илмии номбурда «Марҳилаҳои таърихии густариши забони тоҷикӣ дар асари Э. Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” таъкид гардид, ки давраҳои таърихии рушди забони тоҷикӣ бар мабнои сарчашмаҳоли таърихиву бойгонӣ мутобиқи хронология даврабандӣ шуда, бавижа дар бобҳои «Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри ХV1», «Забони тоҷикӣ дар асрҳои ХV1- ХV111», «Забони тоҷикӣ дар асри Х1Х» вазъи сиёсӣ, забону адаб, хусусиятҳои забон, сабку услуби калимаву истилоҳсозӣ, моҳияти хоси вожагонӣ ва дастурии ҳар яке аз ин давраҳо бо овардани истинод ба даҳҳо маъхазҳои илмӣ асоснок мегарданд. Чунончӣ, дар забони адабии нимаи дуюми асри Х1Х, яъне дар забони осори маорифпарварон дар натиҷаи ба забони халқ наздик шудан, рушду такомули қонуниятҳои дохилӣ, ғаноманд гаштани захираҳои луғавӣ ва густариши сохти калимасозиву шаклсозиҳои он мушоҳида мешавад.

Тавсия шуд, ки маводи ин асари гаронарзиш дар таълифи китобҳои дарсиву воситањои таълимӣ ба сифати сарчашмаи муътамад истифода гардад.

Мақолаҳои илмии устодон Ризо Хокироев “Поёни даврони паҳлавонӣ дар “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ”, Ҷумла Саидова “Хусусиятҳои лексикӣ- семантикии диалектизмҳо дар асарҳои Абдулҳамид Самад”, Ҳанифа Муҳаммадохирова “Тасвири ҳаёти иҷтимоии ҷўгиён дар осори Сорбон”, Хусрав Зокиров “Баррасии мавзуҳои ишқ ва садоқат дар ашъори Низомиддини Суҳайлӣ”, Сурайё Юсуфова “Воҳидҳои луғавии ифодакунандаи мақсадҳои гуногун дар шеваи ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ”, Ҳамроза Раҳимова “Ибораҳои фразеологии вобаста ба хислати инсон дар лаҳҷаи Ванҷ” ба пажўҳиши масъалаҳои актуалии забон ва адабиёт иртибот доштанд.

Дар хотима оид ба вазъи таълиму тадрис, инъикоси масоили марбут ба омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар мақолаҳои илмӣ, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи воситаҳои аёнӣ ва муосири таълим дар раванди тадрис, бартарии усули таълими интерактивӣ ва омилҳои боло бурдани тафаккури техникӣ ва илмии  донишомўзон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Қарор шуд, ки мақолаҳои илмӣ ва тавсияву пешниҳодот ҷиҳати боло бурдани сифати таълиму тадрис дар маҷаллаи илмии “Анвори дониш” интишор гарданд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj