• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – ӮҲДАДОРИИ ҲАР ЯК ФАРД

20-уми апрели соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва тавзеҳи оқибатҳои он вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзод баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ раёсати донишгоҳ, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иштирок карданд.

Вохӯриро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Абдусалом Мирзозода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии ҳар як давлат эътироф гаштааст. Сипас намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзод оид ба таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани онҳо сухан ронд ва таъкид кард, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест ва дар ин мубориза тамоми ҷомеа, ҳар як шаҳрванд низ бояд бетараф набошад. Дар ин сурат метавон сатҳи коррупсияро дар кишвар коҳиш дод.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj