• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ФЕСТИВАЛИ «ҲАМРАНГИ ЗИНДАГӢ» ИФОДАКУНАНДАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

20 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фестивали донишгоҳии «Ҳамранги зиндагӣ» баргузор гардид. Фестивали мазкур дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ташкил шуда, дар он либосҳои миллии кӯдакона, наврасон ва калонсолон, либосҳои махсуси идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо, либосҳои арӯсӣ ба намуди аврупоию миллӣ ва амсоли инҳо намоиш дода шуданд.

Бояд зикр кард, ки ин фестивал ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшӣ, махсусан баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон ва мардон, инчунин, риояи тарзи пӯшидани онҳо аз ҷониби устодону донишҷўён гузаронида шуд.

Суратгузориш аз рафти фестивал:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj