• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ВОХӮРИ БО ХАТМКУНАНДАГОН

Дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъомад оиди тақсимоти пешакии хатмкунандагое, ки тариқи буҷавӣ ва квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад сардори раёсати таълим Наҳтулло Айнулозода, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Давлатхон Назаров, ҳуқуқшинос Шӯҳрат Шарипов, мудири маркази таҷрибаомӯзӣ Маҳмадалӣ Маҳмадаминов, садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ширкат варзиданд.

Давлатхон Назаров баромад намуда, хатмкунандагонро бо фармон, қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати маориф ва илм оиди ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва вазифаҳои хатмкунандагон шинос кард. Сипас ашхоси масъул ба саволҳои  пешниҳоднамудаи хатмкунандагон ҷавобҳои қаноатманд доданд.

 

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj