• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯИВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) соли дувум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани озмун ин  рушди тафаккури техникии донишҷӯёну хонандагони макотиби оливу миёна, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, равнақ додани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.

22 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври донишгоҳии  озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” оғоз гардид. Нахуст ректори донишгоҳ професор Ғаффорӣ Н. У. баромад намуда, ба иштирокчиёни озмун барору комёбӣ таманно намуд.  Зимнан ректори донишгоҳ ба ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби олимону донишмандони донишгоҳ интихоб гардидаанд, ҷиҳати шаффоф гузаронидани озмун дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

23 апрели  соли 2022 даври донишгоҳии озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия бо ишитроки беш аз сад нафар довталабон идома ёфта, ҷамъбаст гардид. Ҳайати комиссия баъди санҷидани дониши довталабон аз рӯи ҳар номинатсия панҷ нафари беҳтаринро интихоб намуданд, ки онҳо баъдан дар даври ноҳиявии озмуни болозикр иштирок хоҳанд кард.

Суратгузориш аз рафти озмун:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj