Хабарҳо |
There are no translations available. ОЗМУНИ “ЗАКОВАТИ АҚЛҲО” БАРГУЗОР ГАРДИД
Сараввал сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Ҳабибулло сухан ронда, ҳадафи баргузории озмун ва шартҳои онро ба ҳозирин шарҳ дод. Муовини сардори ҳамин раёсат Мавлуда Шарифова дар мавзӯи “Мактаби тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда-мактаби камолоти иҷтимоӣ” маърӯза кард. Сипас озмун аз рӯи чор шарт, яъне ироаи маърӯза дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба дастгирии занону духтарон, ҳозирҷавобӣ, қироати шеър, намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷараён ёфт. Дар фарҷом аз тарафи аъзои ҳакамон ғолибон муайян карда шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Боиси зикр ва ифтихор аст, ки дар ин озмун донишҷӯи донишгоҳ Акирова Ш. сазовори ҷои дуюм гашт. Суратгузориш аз рафти озмун: |