Хабарҳо |
There are no translations available. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ВА ИҚДОМҲОИ НЕКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ Имрӯз, дар таърихи 13-уми июни соли 2022 ҷаласаи васеи назди ректори донишгоҳ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати раёсат, деканон ва раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, инчунин мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.
Зимни ҷаласаи корӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки бо мақсади назорати ҷиддии низоми фаъолияти соҳаҳои таълиму илм дар факултетҳо бояд корро дар самти мазкур пурзӯр намоем. Илова бар ин, зарурат ба ёдоварист, ки ректори донишгоҳ зимни суханронии хеш аз фаъолияти бахшҳои таълим, тарбия, илм, иқтисод ва хоҷагидорӣ изҳори нигаронӣ намуда, зикр намуд, ки бояд мушкилоти ҷойдошта дар муҳлати кутоҳтарин бартараф карда шавад. Аҳлиддин Ибодуллозода, зимнан иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти соҳаи маориф пайваста дастуру супоришҳои қатъӣ ироа менамоянд ва онҳо бояд бидуни мушкилот татбиқ ва амалӣ карда шаванд. Дар ин замина ректори донишгоҳ ҷиҳати барҳам додани шуъбаи фосилавӣ ва мунсифонаву одилона ва шаффоф роҳандозӣ гардидани имтиҳоноти донишҷӯёни шакли таҳсили фосилавӣ қабули имтиҳону рейтингҳоро ба зиммаи омӯзгорони фаннӣ вогузор намуд. Илова бар ин аз раисони Комиссияи аттестатсионии хатм хоҳиш намуд, ки шаффофияти раванди имтиҳони давлатиро ба таври пурра зери назорат гиранд, то натиҷаи дилхоҳ ҳосил шавад. Дар идомаи ҷаласа ректори донишгоҳ аз фаъолияти нодурусти як зумра масъулини сохторҳои донишгоҳ изҳори нигаронӣ намуда, дастур дод, ки интизоми меҳнат ва фаъолияти дурусти корӣ қатъӣ риоя карда шавад. Суратгузориш аз рафти ҷаласа: |