Хабарҳо |
ҒОЛИБИЯТИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН
Сипас ғолибони ин даври озмун бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин даври озмун 9 нафар устод ва 21 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи панҷ номинатсия ширкат варзида, аз миёни онҳо 6 нафар сазовори ҷойи якум, 6 нафар, сазовори ҷойи дуюм ва 1 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон 6 нафар барои иштироки фаъол бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Раёсат, Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон ва Иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ устодону донишҷӯёни ғолибомадаро табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар даврҳои минбаъдаи озмун барору комёбӣ ва музаффариятҳоро таманно менамоянд. |