Хабарҳо |
There are no translations available. РЕКТОР: ДОНИШҶӮЁНИ ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД
Маврид ба зикр аст, ки дар даври ҷамъбастии озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 14 нафар донишҷӯ аз рӯи фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогикаи умумӣ, назарияи иқтисодӣ, математика, физика, химия, информатика, биология-экология ва географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографӣ, ки санаҳои 17-18 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкат менамоянд. Зимни мулоқот Аҳлиддин Ибодуллозода ба иштирокдорони озмуни мазкур изҳор дошт, ки ҳар нафаре мақоми ифтихориро соҳиб шавад, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳамроҳи роҳбараш бо туҳфаи пулӣ қадрдонӣ карда мешавад.
|