Хабарҳо |
ҶАЛАСАИ СИТОД: МАСЪУЛИН, ШАФФОФИЯТИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНРО ВАЙРОН НАКУНЕД!
Сарвари таълимгоҳ зимни ҷаласаи ситод аз мушкилоти соҳаҳои мазкури самти таълим, аз ҷумла, таҳсилоти фосилавӣ, таҳлилу баррасии раванди имтиҳонот, назорати қатъии донишҷӯёне, ки дар дарсҳо ҳозир нашудаанд, махсусан донишҷӯёни шакли таҳсили фосилавӣ ва донишҷӯёне, ки то ҳол ҳаққи шартномаи таҳсилро пардохт накардаанд ва донишҷӯёне, ки дар дарсҳо ширкат надоштанду то ҳол аз донишгоҳ хориҷ нашудаанд, масъулинро мавриди интиқод қарор дод.
Мавсуф ҳамзамон иброз намуд, ки омӯзгорон ва коргузорону методистон ба ҳар роҳу восита барои дастгирии донишҷӯёне, ки ба машғулиятҳои таълимӣ ҳозир нашуда, раванди таълимро халалдор намудаанд ва ё дониши кофӣ надошта, наметавонанд мустақилона холи зарурии имтиҳонро ба даст оваранд, дахолат накунанд. Илова бар ин, қариб ҳамаи аризаҳои муроҷиатии шаҳрвандон бо як хат навишта шудааст. Зимнан Аҳлиддин Ибодуллозода ба мудири шуъбаи умумӣ дастур дод, ки омӯзгорон ва ё методистоне, ки бо аризаҳои донишҷӯён муроҷиат мекунанд, қабул карда нашавад. Вобаста ба маъалаҳои мазкур, хусусан ҷараёни баргузории санҷишу имтиҳонҳои сесcияи навбатии шуъбаи фосилавии донишгоҳ ситод ҳамарӯза бо иштироки ректори донишгоҳ баргузор карда мешавад. |