Хабарҳо |
There are no translations available. РЕКТОР: КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ТАҲХОНАҲОИ БИНОҲО ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД
Бо мақсади бартараф намудани супоришҳои назоратӣ ва беҳтар намудани шароити таълим, инчунин тармиму таҷдид ва муҷаҳҳаз намудан бо лавозимоти муосири корӣ дар кабинетҳои фаннӣ ҷаласаи ситоди назди ректор баргузор гардид. Ибодуллозода Аҳлиддин, ректори донишгоҳ зимни ҷаласа иброз намуд, ки мақсади асосии мо беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил барои донишҷӯён мебошад. Дар ин замина, ректори донишгоҳ ба масъулин дастур дод, ки мушкилоти ҷойдошта дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф карда шавад. |