Хабарҳо |
ДОНИШГОҲ- KOICA: ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲО БО АГЕНТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУРИЁ
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯён ба курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ, таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои Куриё, мубодилаи барномаҳои таълимӣ, маводҳои таълимию методӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҳамкориҳо дар самти тадқиқотҳои илмӣ ибрози назар намуданд. Ҳамзамон ҷонибҳо доир ба тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда дар самти анҷоми таҳқиқотҳои илмии муштарак роҷеъ ба фаъолияти “Парки технологӣ” ва боғи “Агробиолабораторӣ”-и донишгоҳ табодули афкор намуданд. |