• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҚАРОРДОДИ ҶАМЪИЯТҲОИ ГЕОГРАФӢ

Чӣ тавре, ки зикр карда будем, дар таърихи 12 – уми октябри соли 2022 ҷиҳати тасдиқи қарордод оид ба ҳусни тафоҳум миёни ҷамъиятҳои географии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони расмии кишвари ҳамсоя ташриф оварда буданд. Шарипов Шавкат Муҳаммадҷонович – декани факултети география ва сарватҳои табиии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Арзиқулов Нодир Шодиевич, муовини раиси ҷамъияти географии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни мулоқот изҳор намуданд, ки тибқи қарордод ҳамкории дуҷониба дар ҳолати иҷрои фаъолиятҳо, мисли иштирок дар конфронсҳои муштарак, баргузор кардани корҳои илмӣ-тадқиқотии якҷоя, интишори мақолаҳо дар маҷаллаҳои якдигар, мубодилаи адабиёти илмӣ, илмӣ-методӣ ва ғайра амалӣ мешавад. Дар мулоқоти минбаъда, ки дар таърихи 14-уми октябри соли 2022 баргузор гардид, меҳмононро муовини ректори донишгоҳ Сангинзод Д. Ш. пазироӣ намуда, ба меҳмонон аз ҷониби ректори донишгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Лозим ба зикр аст, ки дар мулоқоти охирин намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров: декани факултети геоэкология ва туризм Аминов М., мудири кафедраи методикаи таълими география ва геоэкология Ғуфронов Д. ва дотсенти кафедраи географияи табиӣ Турдиев Т. низ ширкат варзиданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj