• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
Дар таърихи 17-уми октябри соли 2022 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳи хоса таҷлил карда шуд.
Чорабинии фарҳангӣ, ки дар ин рӯз аз ҷониби донишҷӯёни факултет ба ҳозирин пешниҳод гардид, аз хониши суруд ва шеърҳо ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони англисӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ иборат буд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии ҷашнӣ намояндаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Мусаммирова Зуҳро, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Дилшод ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Каримов Давлатшоҳ ширкат намуданд.
Дар чорабинии фарҳангӣ зимни сухани табрикотӣ профессори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Ҷоматов Самъиддин иброз дошт, ки Меҳргон дар радифи дигар идҳое, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҷашн гирифта мешаванд, яке аз ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми тоҷик буда, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки таҷлили сазовори Меҳргон имрӯз аз тинҷиву оромӣ ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди миллат ва донишҷӯёнро мебояд шукргузор аз ин тинҷиву оромӣ бошанд ва дар роҳи омӯзиши илму маърифат ҷидду ҷаҳд намоянд.
Сипас, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Дилшод оид ба аҳамияти ҷашни Меҳргон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин муносибат шодбош гуфт.
Лозим ба ёдварист, ки дар чорабинӣ маҳсули меҳнати деҳқон (сабзавот ва меваҷот) ба маърази тамошо гузошта шуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj