Хабарҳо |
ДАР ДОНИШГОҲ НАМОИШИ КИТОБ БАРГУЗОР ГАРДИД!
![]() Мақсад аз баргузор намудани намоиши китоб дар миёни донишҷӯён рӯй овардан ба китобхонӣ, тарғиби китобхонӣ дар миёни ҷавонон, ҳифзи донишҳои замонавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва арҷ гузоштани онҳо ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.
Дар ин замина, рӯнамои китобҳои таълифшудаи устодони Донишгоҳ дар баланд бардоштани дониши ҷавонону наврасон, огоҳии бештари онҳо аз таърихи пайдоишу ташаккули илмҳои замони муосир ва ҷалби хонандагон ба мутолиаи китобҳои бунёдӣ дар самтҳои гуногуни илму маърифат саривақтӣ дониста мешавад. |