• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ

Бо мақсади мавриди иҷро қарор додани талаботи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1337 аз 13 сентябри соли 2022 ҷиҳати омӯзиш ва азхуд кардани вожаҳои забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ(400 калима) дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби устодону кормандони донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Вобаста ба масъалаи мазкур дар таърихи 28 октябри соли 2022  таҳти роҳбарии  ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни гурӯҳи корӣ низ иштирок намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масълаҳои зарурӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби ректори донишгоҳ супориш ироа гардид, ки дар муҳлати кутоҳтарин бобати баргузор намудани озмун чораҳои қатъӣ андешида шаванд. Масъулияти иҷрои фармоиши фавқуззикр ба зиммаи муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. вогузор карда шуд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj