Хабарҳо |
There are no translations available.
ВАЗОРАТ: ДОНИШҶӮЁН БО МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ ТАЪМИН ВА ЛАБОРАТОРИЯҲО БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ МЕБОШАНД
![]() Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни боздид Наврӯз Мирзозода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Сулаймон Исвализода, муовин ва кормандони дигари ин ниҳод, аз ҷумла Амиршо Ҷаъфаров, Муҳсин Саидшозода, Нодира Ҳасанзода ҳузур доштанд ва ҳайатро шахсан Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ ҳамроҳӣ намуд.
Зимни боздид намояндагони Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолати иштироки донишҷӯён ба дарс ва таъмини онҳо бо маводҳои таълимӣ ва ҳамзамон аз фаъолияти босамари лабораторияҳои таълимиву илмӣ ва кабинетҳои фаннии Донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Донишгоҳ айни замон 28 лаборатория, аз ҷумла 21 лабораторияи таълимӣ, 5 лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ ва 2 осорхонаи ҳайвоноту парандаҳои нодир барои таҳқиқот анҷом додан фаъолият менамоянд.
|