• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШ ДАР ДОИРАИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ЭРОН ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар доираи рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши фарҳангие бо иштироки фарҳангиёни Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Намояндагони вазорати фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эронро ректори Донишгоҳ зимни ташриф бо дастовардҳои тозанашр, аз ҷумла китобҳои олимони Донишгоҳ ва нусхаҳои нодири дасхатҳои китобхонаи Донишгоҳ шинос намуд. Маврид ба зикр аст, ки баъд аз муаррифии дастовардҳои тозанашр дар толори фарҳангии Донишгоҳ ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ сурат гирифт. Дар ҳамоиши фарҳангӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ ва Маҳмуди Солорӣ, муовини вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон роҷеъ ба пайвандҳои фарҳангии ин ду миллати куҳан изҳори назар намуданд.
Сипас, қисмати фарҳангӣ бо қироати порчаҳои шеърӣ аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ҳам аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ва ҳам аз ҷониби фарҳангиёни Эрон бо як лаҳни ширин оғоз гардида, дар қисмати дигари барнома дастаи ҳунарии “Пож” бо пешниҳоди суруду таронаҳои суннатии мардуми Эрон ба қалбҳои ҳозирин шодӣ бахшиданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj