Хабарҳо |
There are no translations available. МАҲФИЛИ “ХИРАДМАНД” БО ШИРКАТИ МУҲАММАД ҒОИБ
Муҳаммад Ғоиб Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гашта, соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2001), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008), дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» (соли 2013), барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2012) ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов (2019) мебошад. Номзади илмҳои филологя С. Саидов доир ба фаъолият ва нақши Муҳаммад Ғоиб дар адабиёти муосири тоҷик суханронӣ намуда, қайд кард, ки Муҳаммад Ғоиб дар адабиёти муосири тоҷик мақоми хоссаи худро касб кардааст . Баъдан аз ҷониби устодону донишҷӯён шеърҳо аз ашъори шоир қироат ва замзама гардид.
Дар ин баробар Муҳаммад Ғоиб аз чакомаҳои хеш барои ҳозирин қироат намуда, марбут ба суолҳои онҳо посухҳои муносиб ироа кард.Дар фарҷоми маҳфил профессор Сангинзод Д.Ш. ба меҳмони маҳфил, устод Муҳаммад Ғоибаз номи ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода бо изҳори ихлосу муҳаббат сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ эҳдо намуд. |