• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Тибқи маълумоти мавҷуда Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1532 аз 20 октябри соли 2022 роҳбарии умумии лоиҳаи байналмилалиро таҳти унвони “Тақвияти низоми дастгирии омӯзгорон дар раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим” ба уҳда дорад. Дар ин баробар бо мақсади мусоидат яке аз бобҳои “Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ карда шуда, дар мувофиқа бо бахшҳои вазорат Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз муассисаҳои асосӣ барои татбиқи лоиҳа интихоб шудааст.Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ дар давраи аз 08 ноябри соли 2022 то 10 ноябри соли 2022 дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе идома ёфта, аз ҳисоби устодони донишгоҳи мо дар он 25 нафар иштирок менамоянд. Лозим ба зикр аст, ки мақсади асосии ин стратегияи коммуникатсионӣ беҳтар намудани имкониятҳои сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои таҳсилот ва имконоти маблағгузории он мебошад. Дар давоми ин ҷамъомад мутахассисони соҳаҳои мухталиф, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва ҳамкорони рушд ҷанбаҳои гуногуни ин стратегияро баҳри дастрас намудани натиҷаҳои беҳтарин муҳокима хоҳанд кард.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj