• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҶДИДИ ФАЪОЛИЯТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Дар таърихи  9-уми ноябри соли 2022  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  бо ташаббуси ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода мизи мудаввар баргузор гардид, ки муҳтавои асосии он таҷдиди назар нисбат ба  саҳифаҳои факултетҳо ва шуъбаҳо ва тарзи истифодаи дурусти онҳо дар ҷомеаи имрӯз мебошад. Дар ҷараёни он роҳбари муассиса ба аъзоёни раёсат ва муовинони деканҳои факултетҳо ҷиҳати корбурди саҳифаҳо дастурҳои муфид пешниҳод намуд. Хосатан зикр карда шуд, ки фаъолияти саҳифаҳои расмии факултетҳо ва бахшҳои мустақили донишгоҳ ба таври бештар гузориш ва маводи зарурӣ интишор намоянд.

Дар ин баробар муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода таъкид намуданд, ки ба таври тадриҷӣ омори фаъолияти сомонаҳои зикршуда мавриди санҷиш қарор дода шавад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj