• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

9 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои мамнуъ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва ҷинояту ҷинояткорӣ баргузор гардид.

Чунин вохӯриву суҳбатҳо дар самти пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуда, аз содиршавии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок пешгирӣ мусоидат хоҳад кард.  Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои илм, профессор Дониёр Сангинзода, подполковники милитсия Қурбонзода Ҳабибулло Табар, лейтенанти милитсия Умарҷони Эмомҳасан, лейтенанти калони милитсия Каримов Валиҷон Абдуллоевич, як зумра устодон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ дар доираи мавзӯи чорабинӣ маърӯза ва дигар маводҳо пешкаши ҳозирин қарор дода шуда, ба устодону донишҷӯён вобаста ба таҳдидҳои терроризму экстремизм ва пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Мақсад аз вохӯрӣ бо донишҷӯён, ин пеш аз ҳама муборизаи беамон бурдан алайҳи ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирӣ кардани омилҳои дорои хусусияти корупсионӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои Ватан аз хатарҳои ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj