• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

СЕМИНАРИ ИЛМИИ МУШТАРАК

Дар таърихи 9-уми ноябри соли 2022 семинари илмии муштараки кафедраҳои анализи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳои факултети математика ва информатикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ баргузор шуд. Азбаски Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳамчун муассиси пешбар ба рисолаи илмии Хайруллоев Ш.А. дар мавзӯи «Нулҳои ҳосилаҳои функсияҳои Харди ва Дэвенпорт-Хейлбронн, ки дар порчаҳои кӯтоҳи хати рости критикӣ мехобанд» интихоб шудааст, бинобар ин дар семинар рисолаи доктории номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хайруллоев Ш.А. «Нулҳои ҳосилаҳои функсияҳои Харди ва Дэвенпорт-Хейлбронн, ки дар порчаҳои кӯтоҳи хати рости критикӣ мехобанд» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.  Дар семинари мазкур ба ғайр аз омӯзгорони кафедраҳои номбаршуда, инчунин намояндагони дигар донишгоҳҳо низ ҷиҳати муҳокимаи масъалаи мадди назар иштирок намуданд.

Дар оғози семинар декани факултет, дотсент Холиқова М.Б. доир ба фаъолияти диссертант маълумоти мухтасар ироа намуд. Сипас докторант Хайруллоев Ш. моҳияти масъалаҳои марбут ба мавзӯъро фаҳмонда, дар зимни он  ба суолҳои  иштирокдорони семинар посухҳои қонеъкунанда  пешниҳод кард.

Дар анҷоми семинар профессорон Юсупов Г.А., Пиров Р., дотсент Чориев У. доир рисолаи докторӣ фикру ақидаҳояшонро пешниҳод намуданд.

Қарор қабул карда шуд, ки маҳсули натиҷаҳои дотсент Хайруллоев Ш. нав буда, рисолаи докторӣ ба талаботи КОА-и  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунад ва диссертант ба гирифтани унвон лоиқ дониста  мешавад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj