Хабарҳо |
There are no translations available. ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО БО НАМОЯНДАГОНИ 5 КИШВАРИ ДУНЁ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУД
Дар ҷараёни ин конфронси байналмилалӣ муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Худойдодзода Ф.Б. ба ҳайси узви тадорукот иштирок ва муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба корҳои илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. дар мавзӯи “Омодасозии кадрҳои педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир дар мисоли муассисаҳои олии касбӣ” маъруза ироа карданд. Ба таври умум дар конфронс ироаи зиёда аз 50 маърузаи илмӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои мадди назар пешбинӣ гардида буд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҷамъбасти конфронс маҷмӯаи мақолаҳои илмии дар ин конфронс ироашуда дар Пойгоҳи миллии библиографии Русия оид ба истинодҳои илмии РИНЦ ҷойгир карда мешаванд. Мақсад аз баргузор намудани ин конфронс иборат аз он аст, ки тамоюлҳои муосири рушди таҳсилоти омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳадафҳо, вазифаҳо ва сохтори таҳсилоти олии соҳаи омӯзгорӣ матраҳ карда мешавад. Дар ин баробар тавассути он масоили рушди омодасозии муаллимон, ҷанбаҳои педагогии идоракунии сифати таълими омӯзгорон дар донишгоҳ, инчунин шароити навсозии таъминоти моддию техникӣ ва молиявии он муайян карда мешаванд.
|