Хабарҳо |
МАҲФИЛИ ИЛМӢ ДАР БОБИ ШИНОХТИ “ТОҶИКОН”
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик н.и.т., дотсент Сайнаков С.П ифтитоҳ бахшида, минбаъд дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Роҳатов Ғ. дар мавзўи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров - поягузори илми таърихи халқи тоҷик», њамчунин дотсенти кафедра Гадоев Ғ. дар мавзўи «Заминањои таълифи «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров» ва устоди ҳамин кафедра Маҳмудов Д. дар мавзўи ««Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров - сарчашмаи худшиносии миллӣ» маърӯза намуданд. Инчунин, донишҷуёни курси якуми факултети таърих ихтисоси таърих Неъматзода Ш. дар мавзӯи «Бобоҷон Ғафуров - олим ва сиесатмадори тоҷик», Бобохонзода М. дар мавзӯи «Сањми «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти миллати тоҷик» ва Қаюмов М. дар мавзўи «Нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи мутахассисони ҷавон» баромад карданд. |