Хабарҳо |
There are no translations available. ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ ДОНИШГОҲ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ПОЙТАХТ
Маҳфилро роҳбари таҷрибаомўзии факултет Умаров У.С. ифтитоҳ намуда, доир ба ҳамкориҳои судманди Донишгоҳ, факултети физика ва кафедраи методикаи таълими физика сухан гуфта, ин ҳамкориҳоро самарабахшу фоиданок арзёбӣ намуд. Сипас, декани факултет Назруллоев А.С. ҳозирин, алалхусус намоянда ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе хайрамаќдам гуфта, фаъолияти таҷрибаомўзон ва ҳамкориҳои факултетро бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе хуб арзёбӣ намуд. Баъдан намояндаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе, омўзгори физика дар ҳамин муассиса, хатмкардаи факултети физика Абдуллоева С.Ҳ. сухан карда, миннатдории маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанберо ба раёсати Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, садорати факултет ва мудирияти кафедраи методикаи таълими физика расонида, изҳори умедворӣ намуд, ки чунин ҳакориҳо оянда низ идома хоҳад ёфт. Сипас, хонандагони синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе маҳфили омодакардаашонро манзури ҳозирин гардониданд. Дар охир аз ҷониби садорати факултети физика ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. |