Хабарҳо |
РЕКТОР: ОЛИМПИАДАҲОИ ДОХИЛИДОНИШГОҲӢ ОМИЛИ ДАРЁФТИ ДОНИШҶӮЁНИ БОЛАЁҚАТ
Олимпиадаи дохилидонишгоҳии мазкур аз рӯи 14 фан, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар факултетҳои Донишгоҳ баргузор шуда истодааст. Маврид ба зикр аст, ки ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва ифтихорномаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ректори Донишгоҳ мақсад аз баргузор намудани олимпиадаи фаннии дохилидонишгоҳиро дарёфти донишҷӯёни болаёқат ва пурзӯр намудани дастаи олимпии донишгоҳӣ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои на танҳо сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.
|