• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар таърихи 25-уми ноябр дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур 3 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ширкат намуда, 2 нафари онҳо аз рӯи номинатсияи география сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: Садриддинов Озодбахт, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси геогрфия сазовори ҷойи якум ва Зиёев Ҳузуриддин, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси география-биология сазовори ҷойи 2-юм.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” соли 2021 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) роҳандозӣ шудааст.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj