Хабарҳо |
There are no translations available. БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯ
Ҷаласаи ҳисоботиро декани факултет Қаландаров А. ифтитоҳ намуд, Сипас ҳисоботи солонаи фаъолияти илмии факултет аз тарафи муовини декан оид ба корҳои илмӣ Имомов А. ироа гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Вобаста ба нуқсу камбудиҳои ҷойдошта эроду музокираҳо пешниҳод гардиданд. Дар фарҷом муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. фаъолияти илмии факултетро қаноатбахш дониста, ба устодони факултет барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, чопи китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои сатҳи байналмилалӣ изҳори минатдорӣ баён намуд. Ҳамзамон, мавсуф барои дар оянда тақвият додани фаъолияти илмӣ ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод.Таъкид гардид, ки марбут ба ислоҳи камбудиҳо ба Раёсати донишгоҳ маълумотнома ирсол карда шавад. |