Хабарҳо |
ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРОНИ ФАЪОЛ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД!
Ҳама арзу шикояти муроҷиаткунандагонро ректори Донишгоҳ шунида, ҷиҳати дар чорчӯбаи қонун ҳаллу фасли онҳо ба ашхоси масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин, сатҳи забондонии донишҷӯёну магистроне, ки бо мақсади кам кардани маблағи шартнома муроҷиат карда буданд, аз тарафи комиссияи махсус санҷида шуда, беҳтаринҳо дастгирӣ ёфтанд. Маврид ба зикр аст, ки тибқи дастури профессор Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ маблағи шартномаи он донишҷӯёну магистроне, ки чорсад вожаи серистеъмоли забонҳои русиву англисиро бо иловаи ду ғазал пурра аз худ мекунанд, маблағи шартномаашон аз 10 то 20 фисад кам карда мешавад.
|