Хабарҳо |
САҲМИ МУНОСИБИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар ҷаласае, ки дар нимаи дуюми рӯзи 16-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода баргузор гардид, супурдани мукофотҳои пулӣ, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ба иштирокчиёни даври чоруми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд, ҷараён гирифт.Дар ин ҷараён муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонума Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамчунин ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати иштироки фаъолона ва саҳми арзандаи коллективи нахустдонишгоҳи кишвар дар баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ифтихорнома, сипоснома ва мукофотҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд. |