Хабарҳо |
There are no translations available. ТУҲФАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМ
Илова бар ин, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо иттифоқи касаби кормандону омӯзгорон ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ин Мактаб-интернати барои кӯдакони ятим кумаки яквақтаи ғизоӣ аз қабили 5 халта орд, 10 халта пиёз, 10 халта картошка, 2 халта биринҷ, 1 халта шакар, 150 литр равған, 40 кило гушт, 100 дона собун, 50 кило макарон, инчунин себ, мандарин, анор, нок, обҳои нӯшокии гуногун ва маҳсулоти қаннодии мухталиф расонида шуд. Ҳамзамон дар доираи ташриф ректори донишгоҳ баҳри ин кӯдакони ятим хони махсуси идона ороста, ҳамагиро бо таъоми яквақтаина меҳмондорӣ намуд. Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ зимнан изҳор дошт, ки дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва кӯмак расонидан ба ятимону маъюбон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. |