Хабарҳо |
There are no translations available. РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲУ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ АЗ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “БАҲОРАК”-И ҶАМОАТИ САРИЧАШМАИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН ДИДАН НАМУДАНД
Дар вохӯрӣ ва суҳбат бо хидматчиёни дидбонгоҳи мазкур зикр гардид, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи ватан ва пос доштани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии миллат қарзи шаҳрвандии мост ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дар заминаи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардида, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад ва баҳри таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми тадбирҳои судбахш роҳандозӣ гардидааст. Раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи назди донишгоҳ ва иттифоқи касаби кормандону омӯзгорони донишгоҳ ба ин дидбонгоҳи сарҳадӣ кумаки яквақтаи ғизоӣ аз қабили 5 халта орд, 10 халта пиёз, 10 халта картошка, 2 халта биринҷ, 1 халта шакар, 50 литр равған, 40 кило гушт, 50 кило макарон ва инчунин себ, мандарин, анор, нок, обҳои нӯшокии гуногун ва маҳсулоти қаннодии мухталиф расониданд.
|