Хабарҳо |
There are no translations available.
РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ИЛМУ ТАРБИЯ ЯК НИЗОМИ МУШТАРАК АСТ
![]() Наҳтулло Айнуллозода доир ба ҳаҷми соатҳо ва тақсимоти онҳо аз рӯи самтҳо, Дониёр Сангинзод перомуни фаъолияти илмии устодон, таҳияи мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғ., Идиев Соҳибназар дар бораи нақшаи солонаи иҷрои корҳои илмӣ, Наимов Зариф доири рисолати омӯзгор ва Мардонзода Ҷобир оиди талабот нисбати таҳияи мақолаҳои илмиву илмӣ-оммавӣ сухан ронданд.
Зимнан, ҷиҳати иҷроиши қисми ба илм бахшидашудаи сарбории омӯзгорон дастурҳои мушаххас дода шуд, то дар ин самт фаъолияти устодон боз ҳам пурсамартар гардад. Дар ниҳояти ҷаласа муовинони ректори донишгоҳ даъват ба амал оварданд, ки раванди таълиму илму тарбия як низоми муштарак аст ва бояд ҳама кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин низом гусаста нашавад.
|