Хабарҳо |
There are no translations available. ТАҶЛИЛИ РӮЗӢ “ФРАНКОФОНИЯ” ДАР ДОНИШГОҲ
Чорабинии фарҳангиро мудири кафедраи забони франсавӣ Султонзода Соқӣ ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба муовини ректор Қурбонзода Рухшона дод. Зимни суханронӣ Қурбонзода Рухшона ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз таърихи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса андешаронӣ намуд. Сипас, муовини сафир Филипп Иду дар хусуси мавқеи забони фаронсавӣ дар ҷаҳон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо забони фаронсавӣ на фақат мардуми Фаронса, балки дигар кишварҳои олам низ такаллум мекунанд ва шумораи фаронсавизабонони олам феълан бештар аз 300 миллион нафар аст. Сафир барои қабули гарми ректори донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён изҳори сипос намуд. Баъдан, саҳна ба ихтиёри омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни ихтисоси забони франсавӣ гузошта шуд. Дар чорабинӣ донишҷӯён бо овозу мусиқии зинда бо забонҳои тоҷикию фаронсавӣ суруд хонда, табъи ҳозиринро хуш гардониданд. Сипас, саҳначаи театрӣ бо забони фаронсавӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин карда шуд. Донишҷӯён ҳангоми намоиш аз худ ҳунари воло нишон дода, таваҷҷӯҳи ҳозирин, хусусан меҳмонони фаронсавиро ба худ ҷалб намуданд.
|