Хабарҳо |
МУЛОҚОТИ РЕКТОР: ДАРСҲОИ ВЕДЕОӢ, КИТОБҲОИ ДАРСӢ, ВАЗЪИЯТ, ВОҚЕИЯТ, ДУРНАМО ВА ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ ДОНИШГОҲ
![]() Ректори донишгоҳ дар ҷаласа асосан ба фанҳои таълимӣ ва маводу китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, аз вазъи норасоии китобҳои дарсии фанҳои мазкур изҳори нигаронӣ намуд.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ зикр кард, ки раёсати донишгоҳ ҳамаи имкониятро барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзӣ фароҳам овардааст ва дар ин замина устодон бояд китобҳои дарсии фанни худро омода намоянд.
Ҳамзамон дар ҷаласа зикр гардид, ки баъзе омӯзгорону докторон ва профессорони мо солиёни зиёд аз рӯи чанд фанҳои таълимӣ дарс мегӯянд, аммо мутаассифона чанде аз ин фанҳое, ки онҳо таълим медиҳанд китобҳои дарсӣ надоранд.
Илова бар ин, ректори донишгоҳ ёдовар шуд, ки мо дарсҳои видеоиро ба хотири он роҳандозӣ кардем, ки ҷавонону донишҷӯёни мо дар шабакаҳои интернетӣ аз наворҳои беарзишу бемаъниву бемантиқ дида, аз дарсҳои муфиди шумо омӯзгорон баҳравар шаванд ва дар ин замина омӯзгорон низ савияи дониши худро такмил диҳанд.
|