• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМКОРӢ: ТИБҚИ СОЗИШНОМА ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНИ ЧИНӢ ДАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА ОҒОЗ МЕГАРДАД!
Дар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и назди Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Халқии Чин қабули довталабони чиниро дар шакли таҳсили фосилавӣ ва ҳузурӣ дар зинаи магистратура аз аввали соли нави таҳсил оғоз менамояд.
Созишномаи мазкур дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Ҷумҳурии Халқии Чин таҳия ва тасвиб шуда, раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи магистратура ба роҳ мемонад. Маврид ба зикар аст, ки қабули ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии Чин дар зинаи магистратура дар ихтисосҳои интихобиашон бо забонҳои русиву англисӣ дар асоси қонун таҳия ва қабул карда шуда, тибқи шартнома ба таҳсил фаро гирифта мешавад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj