Хабарҳо |
МАҲФИЛОРОИИ КАМОЛ НАСРУЛЛО, ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҲФИЛИ «ХИРАДМАНД»
![]() Камол Насрулло бо қироати ашъори тозааш ҳозиринро ба росткориву меҳандӯстӣ, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, ободониву созандагӣ ҳидоят намуд. Дар мулоқоти озоду самимӣ бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ перомуни вазъи кунунии адабиёти замони истиқлол, бозтоби дастовардҳои замони истиқлол дар осори адибон, нақди адабӣ ва мақоми он дар адабиёти муосир, мушкилоти адабиёти замони истиқлол мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. Хотиррасон менамоем, ки Камол Насрулло ба сифати публитсисти номвар ва устоди суханвар низ дар баррасии масъалаҳои мубрами рӯз тавассути воситаҳои ахбори оммаи мамлакат дасти боло дорад. Осори публитсистии ӯ дорои маъниҳои самимона буда, бо муҳаббат ва масъулияти баланди худогоҳиву меҳанпарастӣ эҷод шудаанд. Дар хотима донишҷӯёни факултети филология аз ашъори Камол Насрулло пораҳои шеърӣ қироат намуда, ба шоир аз номи ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Мулоқот бо шоири маҳбуб таассуроти ҳозиринро рангину ғанӣ гардонд. |