Хабарҳо |
СОЗИШНОМА МИЁНИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНЕКИИ ТОШКАНД ВА ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ БАСТА МЕШАВАД ![]() Зимни ташриф меҳмононро Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба ҳузур пазируфта, мулоқот анҷом доданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот роҷеъ ба ҳамкориҳо ҷиҳати бастани шартнома дар самти табодули омӯзгорону донишҷӯён, шуроҳои илмӣ, навиштани тақризҳои муштарак оид ба дифои рисолаҳои илмӣ, такмили ихтисоси муаллимон дар муассисаҳо, баргузории конференсияҳову симпозиумҳо ва пешниҳод намудани устодони донишгоҳи мо ҳамчун роҳбари илмӣ барои унвонҷӯёну докторантонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар интиҳо тарафҳо ба хулосае омаданд, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар кӯтоҳтарин муддат созишномаро ба имзо расонанд. |