• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОРИ ДОНИШГОҲ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текстРӯзи 24-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба чорабинии тантанавӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнулозода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ Дилшод Раҷабов ва ҳайати омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.
Ҳамоишро Дилшод Раҷабов ифтитоҳ намуд. Сипас муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнулозода паёми табрикотии ректори донишгоҳ муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар идомаи чорабинӣ бо дастури ректори донишгоҳ ба чанде аз омӯзгорони собиқадор ва нафароне, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда гузоштаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Дар интиҳо баҳри болидахотриии ҳозирин барномаи фарҳангӣ саршор аз сурудҳои ватандӯстӣ ва рақсӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ пешниҳод карда шуд, ки табъи ҳозин болида гардид.

Facebook

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj