• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ПРОБЛЕМАҲОИ ИНКИШОФИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР” БАРГУЗОР ГАРДИД
Возможно, это изображение 12 человек, помост и текстИмрӯз, 1-уми ноябри соли равон бо ташаббуси факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар толори ошиёнаи сеюми бинои асосӣ, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ дар мавзуи “Проблемаҳои инкишофи сайёҳии дохилӣ дар замони муосир” баргузор гардид.
Дар кори конференсия меҳмонон Одилзода Дилбар, муовини раиси шаҳри Душанбе, Холматиён Рустам, муовини аввали Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаббатов Холназар, доктори илмҳои география, Диловаров Раҳматшо, профессор, Ёров Ҷамшед, номзади илмҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқон донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Пеш аз оғози конфронс ташрифовардагон аз дастовардҳои раёсати донишгоҳ, ки дар саҳни бинои асосӣ ба маърази намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда бо дастовардҳои донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.
Конференсияро Дониёр Сангинзод, профессор, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ифтитоҳ намуда, зимнан сухани муқаддимавии ректори донишгоҳро ба самъи ҳозирин расонид.
Инчунин дар конференсияи масъалаҳои мубрами рӯз аз зумраи “Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар куҳсори Фон”, “Имкониятҳо ва дурнамоии рушди сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди сайёҳии дохилӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар”, “Роҳҳои таъмини рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои инноватсионӣ” ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Facebook

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj