• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текстИмрӯз, 2 ноябри соли равон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъмат ва сарбозоне, ки бо сари баланд хизмати ҳарбиро адо намудаанд ҳамроҳ бо волидайнашон ширкат намуданд.
Зимни баромадҳо иброз гардид, ки баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба мо зарур буд, ки Конститутсия, яъне қонуни асосии давлати соҳибихтиёри худро таҳия ва қабул намоем. Пеш аз ҳама, лозим буд, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонуни асосӣ эълон ва расмӣ гардонида, мақсаду мароми мардуми он - бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар ин санади тақдирсоз дарҷ карда шавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо қабули ин санади раҳнамо бо майлу иродаи худ маҳз чунин сохти давлатиро интихоб намуданд. Имрӯз бо ифтихор изҳор медорем, ки Тоҷикистон бо эълони созмон додани чунин ҷомеа ва давлат ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид ва дар ин роҳ ҳамчун қисми ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи мутамаддини башарӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Дар фарҷом волидони сарбозонро барои тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо Раҳматномаҳо қадрдонӣ намуданд. Ҳамзамон сарбозони шуҷои Ватан барои хизматҳои намунавӣ бо Сипоснома ва маблағҳои пулии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Facebook

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj