• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ИҶЛОСИЯИ XVI - УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ПАДИДАИ НАҶОТБАХШ ВА САРНАВИШТСОЗ
Халқи тоҷик дар раванди таърихи ниҳоят тӯлонии хеш ба бисъёр фоҷиаҳои қисматшикану падидаҳои тақдирсоз рӯ ба рӯ гашта, заҳри бедавлатию шаҳди соҳибдавлатиро чашидааст. Вале дар ҳама ҳолат тавонистааст, ки рисолати тамаддунофари худро нигоҳ доштаву сайқал диҳад. Донистани таърих ва роҳҳои тайкардаи ниёгон барои ҳар як фарди тоҷик зарур ва мояи ифтихор мебошад.
Сарнавишти миллати тоҷик дар давоми асрҳо чун дигар қавмҳои ориёинажод бисёр ҳам печ дар печу пуршебу фароз будааст. Тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва эҳёи давлатдорӣ дар Ватанаш ҷоннисориҳои зиёде кардааст. Ватан барои ҳар як фарди тоҷик аз ҷону дил азизу бузургтар аст. Ватан аз зодгоҳ сар шуда, бо мурури замон ва ба камол расидани инсон мафҳуми он доманадор ва бузург мегардад. Яъне аз деҳ ба ҳудуди ноҳияву вилоят ва оқибат ба ҳудуди кишвар мепайвандад. Ватан ибораи басе муқаддасу зебо ва ширин аст. Аз ин рӯ Ватан барои ҳама ва ҳар яки мо муқаддастарин арзиш ба шумор меравад. Ватани ҳамаи тоҷикони дунё Тоҷикистон аст. Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи онҳост. Барои ҳамин нигоҳдошт ва ҳифзи он вазифаи муқаддастарин ва қарзи виҷдонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки тоҷикон дар мубориза барои истиқлол ва ҳифзи сарзамини аҷдодони худ муборизаҳои зиёде бурдаанд, ки натиҷаи он таъсиси аввалин давлати тоҷикон Сомониён мебошад ва забону фарҳанги тоҷикӣ низ дар ин давлатдорӣ аз нав эҳё гардидааст. Дар ҳамин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “Тоҷикон дар роҳи озодӣ ва ҳифзи сарзамини аҷдодони худ басо ҷоннисориву сарфишонӣ карда, хушбахтона дар замони Сомониён давлати фарохдомане бунёд карданд ва забону фарҳанги суннатии худро эҳё намуданд”.
Тоҷикон дар дарозаи таърих тавонистанд бо ранҷу заҳматҳои зиёд фарҳанги миллии худро аз таҳқир ва ҳуҷуми фарҳанги бегонагон ҳифз кунанд ва тавонистанд ҳангоми пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо истиқлолиятро ба даст оваранд.
Мутаассифона, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар кишвар ки пояҳои ваҳдати миллӣ ва давлатдорӣ сусту заиф гардида буданд кашмокашиҳо авҷ гирифтанд. Дар заминаи ноҷуриҳои сиёсӣ, каҷфаҳмиҳо, васвасаи душманони берунии миллат, ҳавою ҳавас ва ҷою мансабталаби, авҷ гирифтани маҳалпарастӣ, нобоварӣ, кинаю ҳасад, ҳамдигарбадбинӣ миёни шаҳрвандони кишвар, пеш аз ҳама миёни мансабдорони калон ба даргириҳо оварда расонид, ки ҳазорон нафар ҳамватанони мо ба шаҳодат расида, ҳазорони дигар рӯ ба гурез ниҳоданд. Дар бораи вазъияти бавуҷудомада Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Тундбоди воқеаҳо, ки онҳоро бозсозӣ ба ҳаракат бароварда буд, боиси хархаша ва моҷароҳои зиёди сангину нангин дар Тоҷикистон шуданд. Ҷойталабон, қудратталабону рӯҳониёне, ки солҳои зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, бо пуштибонии қувваҳои хориҷие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро намехостанд, якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд, ҳисси носолими маҳалгароӣ, хешутаборпарастӣ тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид.”
Ҳамагон медонем, ки дар он солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарсу ҳарос, ваҳм тамоми мардум, хурду калонро фаро гирифта буд. Аҳолии кишвар аз ин ҷангӣ бемаънӣ ва бародаркуш безор шуда буданд. Мардуми даҳшатзада интизори қатъи ҷанг ва эълони сулҳ буданд. Ниҳоят ақли солим боло гирифту роҳбарони вақтии кишвар ва нерӯҳои мухолифин аз пайи ҷустуҷӯи роҳҳои амалӣ гардидани он шуданд. Ҳамин тавр 9 ноябри соли 1992 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани Иҷлосияи шонздаҳуми даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олӣ 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд қарор қабул намуд. Рӯзи 10 ноябр «Изҳороти муштараки Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон» тавассути расонаҳои хабарӣ паҳн гардид.
16-уми ноябри соли 2023 аз гузашти Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31- соли рассо пур мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ин саннаи муҳими тақдирсозро дар фазои танинандози сулҳу ваҳдати миллӣ таҷлил менамоянд. Бояд ёдовар гардид, ки маҳз 31 сол муқаддам бо иштироки вакилони халқ, баҳри ба эътидол овардани авзои сиёсии ҷомеа дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид. Вақте сухан аз Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ, даъвати XII меравад, ёдовар мешавем, ки то расидан ба ин рукн, чӣ мушкилотро аз сар гузаронидем ва ниҳоят ба ҳадаф расидем. Бояд зикр намуд, ки барои даъвати Иҷлосия, аз ҷумла, ҳал намудани масъалаҳои сиёсии кишвар, вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои дуҷониба маротибаҳо дар фурӯдгоҳи Қурғонтеппа, деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод, ноҳияи Данғара, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Вахшу Бохтар ва Ҳисору Турсунзода баргузор гардида буданд, аммо аз ин гуфтушунидҳо ҳадафи судманде ҳосил нагардид. Маҳз дар чунин лаҳзаи барои миллату меҳани тоҷик ҳассос масъулият ба дӯши вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) афтод, ки дар натиҷа Хӯҷанди бостонӣ рисолати таърихии хешро иҷро намуда, шароиту имконот барои баргузории Иҷлосия фароҳам овард. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Боиси таассуф аст, ки Ҳукумати Қонунӣ ба ивази хуни ҳазорҳо фарзандони Ватан ба даст омад.”
Дар чунин давраи ҳассос Иҷлосияи таърихии XVI – уми Шӯрои Олӣ аз 16 – уми ноябр то 2 – юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид.
Роҷеъ ба ифтитоҳи даъвати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ А. Достиев қайд менамояд, ки «16-уми ноябри соли 1992, соати 10 пагоҳӣ, таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии ҶТ Акбаршо Искандаров, ба кори худ шурӯъ намуд. Дар Иҷлосия аз 230 нафар вакилони Шӯрои Олӣ 193 вакили мардумӣ иштирок доштанд. Аз 37 нафар вакилони боқимонда 4 нафар (Шерализода, Ҳувайдуллоев, Олимов, Имомов) аз олам гузашта, 4 нафар дар давоми Иҷлосия расида омаданд. 25 нафар бесабаб дар кори Иҷлосия иштирок накарда, 4 ҳавза озод буд».
Бояд қайд намуд, ки барои баррасии масоили сиёсиву иҷтимоӣ, сараввал Комиссияи муросо дар ҳайати 40 нафар намояндагони халқ бо роҳбарии Қурбон Тӯраев таъсис ёфт, ки он фаъолияти худро паси дарҳои пӯшида идома медод. Баъди баргузор гардидани машварати Комиссияи муросо Иҷлосия бо иштироки 197 вакили халқ фаъолияти худро идома дод. Аммо, дар ибтидо ҳангоми баррасии масъалаи раисикунанда ва ширкати даъватшудагон дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ баҳси доманадор ва талошҳои гуногун ба миён омад. Бинобар ин рӯзи дуюм, 17 ноябр бо мақсади аз байн бурдани ихтилоф доир ба ҷараёни иҷлосия ва ба маҷрои муайян ворид намудани он Маҷлиси машваратӣ бо ширкати вакилони халқ, аъзои ҳукумат, шахсиятҳои шинохтаву барӯманд, собиқадорон, олимону адибон, намояндагони азҳобу созмонҳо, ҷамъиятҳо, рӯзноманигорон ва инчунин намояндагони як қатор кишварҳои ИДМ доир гардид.
Дар Маҷлиси машваратӣ бештар аз ҳама доир ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, қабули конститутсияи нав, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва интихоби роҳбарияти нави сиёсӣ, ҳалли масъалаи фирориён, ҳолати вазнини иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ садо дод ва аз Шӯрои Олӣ талаб гардид, ки оид ба ин ва дигар масоили мубрам қарорҳои дахлдор ва созанда қабул намояд.
Ҳамин тавр, ҷаласаи машваратии рӯзи 17 ноябр дебочаи ҷиддие барои таъмини рафти муназзами Ҷаласава мураттабсозии рӯзномаи он гардид. Новобаста аз ҷой доштани ақидаву андешаҳои гуногун ва мухолифи ҳам, кӯшишҳои ба манфиати шахсони алоҳида ва ё қувваҳои ҷудогона мувофиқ сохтани рафти иҷлосия, бори нахуст дар ин машварат манфиати кишвару миллат бар манфиатҳои қавмию маҳаллӣ, мазҳабию гурӯҳӣ ва шахсони алоҳида пирӯз омад.
Акбаршо Искандаров пеш аз оғози Иҷлосия пешниҳод намуда буд, ки саркардагони дастаҳои мусаллаҳи ҷонибҳои даргир даъват гарданд, ки барои сарҷамъ намудани халқи парешонгаштаи тоҷик дар якҷоягӣ маслиҳату машварат намоянд. Зеро, Қарори Иҷлосия дар ҳолате амалӣ мегардад, ки мухолифон аз он бохабар ва розӣ бошанд, то фоҷиаи навро ба сари мардум наоранд. Азбаски ҳадафи асосии баргузор намудани Иҷлосия ба эътидол овардани авзои сиёсии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, бо чунин маъно К. Абдулов дар ёддоштҳояш овардааст, ки «дар сарзамини тоҷикон ҷанг идома дорад ва бародар хуни бародарро мерезад ва вазифаи маҷлиси имрӯза пешгирӣ намудани хунрезист».
Ба муҳокимаи депутатҳо лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосия пешниҳод шуд, дар он масъалаҳои Муроҷиати Шӯрои Олӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оиди ба Тоҷикистон ворид кардани қувваҳои посдори сулҳ, Оид ба аризаи Президент Раҳмон Набиев доир ба боздошти идораи президенти, дар бораи Раис ва аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумат, дар бораи қатъ кардани ваколати баъзе депутатҳо, дар бораи аз вазифа озод намудани ҷонишини Раиси Шӯрои Олӣ В.И.Приписнов, дар бораи Раиси Девони Вазирон, дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи статуси депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи Додситони кулли ҶТ, дар бораи Парчам ва Нишони ҶТ, дар бораи авфи умумӣ, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима ва тасдиқ гардиданд. Инчунин ба кори Иҷлосия масъалаи аз муҳосираи иқтисодӣ озод намудани минтақаҳои алоҳида, даровардани тағйирот ба қонуни андоз, лоиҳаи қонун дар бораи гумрук ва як қатор масъалаҳои дигари муҳими рӯз ворид гардиданд.
Рӯзи 19 ноябри соли 1992 Иҷлосия масъалаи бозхонди Раиси Шӯрои Олиро баррасӣ намуд. Пас аз шунидани ҳисоботи Акбаршо Искандаров дар бораи фаъолияти думоҳа, Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонди ӯ аз вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ қарор қабул кард.
Яке аз масъалаҳои асосии Иҷлосия интихоби роҳбари нави ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр, баррасии масоили интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндаи халқ А. Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ, № 47, ноҳияи Ҳисор аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сухан намуда, номзадии вакили халқ Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро аз ҳавзаи интихоботии Данғара, №172 ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 вакили халқ, ки дар Иҷлосия ширкат меварзиданд, 186 нафар ба тарафдории Эмоалӣ Раҳмонов овоз доданд. Тибқи Қарори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 109 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамин тавр 19 – уми ноябри соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии ҶТ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷасорату мардонагӣ савганд ёд намуд, ки дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони давлатӣ ҳамеша содиқ мемонад, инчунин қайд намуд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» [8].
Бояд ёдовар шуд, ки замоне намояндагони мардумии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ӯ ҳамагӣ 40 сол дошт ва дар байни роҳбарони ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ яке аз ҷавонтарин чеҳраи сиёсӣ маҳсуб меёфт. Зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дода, қудрати амал ато намуд. Чунин садоқату самимияташро дар ҷараёни хидматҳои ояндааш назди халқу Ватан бараъло собит намуд, ки мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем.
20 - уми ноябри соли 1992 Иҷлосияро Раиси Шӯрои Олӣ Эмоамлӣ Раҳмон оғоз намуда, масъалаи аризаи истеъфои Президенти ҷумҳурӣ Раҳмон Набиевро, ки зери фишори силоҳбадастон навишта буд, баррасӣ намуд. Р. Набиев зимни суханронии хеш халқи точикро барои аз вартаи ҳалокат раҳо шудан, ки ба нестии миллат оварда мерасонд, ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, бо мақсади ҳар чӣ зудтар қатъ гардидани ҷангҳои байниҳамдигарӣ, ба истеъфо ҳозир буданашро баён намуд.
Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мавзӯи асосии ҷаласаи Шӯрои Олӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ мебошад ва дар ин замина масъалаи «Тадбирҳои мӯътадил намудани вазъияти ҶТ» ба рӯзномаи Иҷлосия ворид гардид.
24 – уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон идомаи Иҷлосияро ифтитоҳ дода, чандин қонунҳои муфиду заруриро ба манфиати халқу ҷомаеа ба тавсиб расонид. Аз ҷумла, лоиҳаи қарори Шӯрои Олӣ дар бораи амали кардани Қонуни ҶТ «Дар бораи тарифи гумрукӣ», «Дар бораи Парчами давлатии ҶТ», «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии ҶТ» муҳокима ва қабул гардиданд.
Азбаски сарварони дастаҳои мусаллаҳ, бо талаби Раиси Шӯрои Олӣ ва намояндагони вакилони халқ рӯзи 25 – уми ноябр дар кори Иҷлосия иштирок карданд, Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони халқ иброз дошт, ки «имрӯз рӯзи махсус аст, зеро сарварони ҷабҳаҳои халқии Тоҷикистон ва силоҳбадастони мухолифин бо даъвати Шумо дар толор ҳузур доранд».
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми ноябр ҳамчун рӯзи сулҳ ва ризоияти миллӣ эълон гардид ва оид ба ин масъала Шӯрои Олӣ қарорро ба тавсиб расонид. Дар Иҷлосия масъалаи фирориён муҳокима гардида, Қонун «Дар бораи гурезагон»-ро қабул намудан.
Дар Иҷлосия масъалаи ҳокимияти Президентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вакилон ба чунин хулоса омаданд, ки «Президенти кишвар дар интихоботи умумихалқӣ интихоб мегардад». Қарори қабулнамуда ба баҳсу талошҳо хотима гузошта, ваколати Президент муваққатан ба дӯши Раёсати Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Роҳбари давлат эълон гардид.
Рӯзи 28 – уми ноябр ҳайати Шӯрои Вазирон: аз Раиси Шӯрои Вазирон, 8 муовин, 20 Вазир ва 7 Раиси Кумитаи давлатӣ муқаррар гардид.
Дар рӯзи охири кори Иҷлосия – 2-юми декабр, ки марҳилаи анҷомро дар бар мегирад, аз ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зарурияти ворид намудани вазифаи Ҷонишини якуми Раиси Шӯрои Олӣ таъкид карда шуд ва А. Достиев ба ин вазифа интихоб гардид.
Дар маҷмуъ, Иҷлосия дар муддати кори худ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул намуд.
Дар хотимаи кори Иҷлосия Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли толор хоҳиш намуд, ки вазъиятро бо далелҳои дуруст инъикос намуда, мардумро ба роҳи росту ҳақиқат ҳидоят намоянд: - “Мо аз рӯзи нахустини Иҷлосия қарор дода будем, ки агар мақсадамон сулҳу салоҳ бошад, бояд ба гузашта салавот гӯем, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки агар имрӯз ҳукумати навтаъсис, ҳанӯз ба кор шурӯъ накарда, ба ҷустуҷӯи гуноҳи ҳамдигар даст занем, ба мақсади дар пеш гузошати худ ноил намешавем”.
Воқеан, Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ рисолати таърихии худро то охир ба анҷом расонид ё бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд».
Маҳз бо туфайли амалӣ гардидани ҳамон қарору қонунҳои Иҷлосия XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳарчанд, ки дар ин ҷода мушкилоти сангинеро, бо сабаби идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ паси сар кардан лозим омад, ҷумҳурӣ тавонист, то ба маҷрои осоиштагӣ, ва музаффариятҳои бунёдкорӣ ворид гардад.
Баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба ҷойҳои зисти доимии худ, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, Душанбе – Ёвон – Бохтар, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Хуҷанд-Чанак, Қулма Қароқурум, Душанбе-Бохтар, Душанбе-Рашт-Саритош; нақбҳои Анзоб, Шаҳристон, Шар-Шар (ҳозира Озодӣ), Истиқлол; сохтмони неругоҳи барқи Помир-1, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, агрегати якум ва дуюми НБО Роғун, зиёда аз 300 нерӯгоҳҳои барқӣ оибии ҳурд, амалишавии лоиҳаи байнидавлатии хати интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000, хатҳои интиқоли барқӣ 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», 500 кВ “Роғун-Душанбе”, 220 кВ “Айнӣ-Рӯдакӣ”, ба истифодаи пурра додани кони ангишти Зиддӣ, Назарайлоқ, баҳри сарфаи қувваи энергия дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода додани корхонаи лампаҳои каммасраф, конҳои гази Хоҷасартез, Хоҷабоқирғон, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, даҳҳо ва садҳо иншоотҳои дигари ниҳоят муҳим, корхонаҳои саноатӣ, дастовардҳои ниҳоят муҳим дар соҳаи илму маориф, варзиш ва дигар нишондиҳандаҳои фарҳангӣ натиҷаи ҳамон роҳи дурусту ба воқеияти замон ҷавобгӯи дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон тарҳрезишуда мебошанд.
Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор додааст. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри гулҳо» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд. Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи давлатҳои амнтарини ҷаҳон дохил гардид.
Пас аз Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба сулҳу субот эҳё ва рушду нумуи фарҳанги миллӣ мавқеи хосса пайдо намуд. Аз ҷумла, таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостон, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургони миллат бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.
Дар ин давра ҷашни миллии тоҷикон - Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст. Дар баробари Наврӯз идҳои Меҳргон, Садда, Тиргон ва ғайра дар тамоми ҷумҳурӣ таҷлил карда мешаванд, ки ин нишона аз ниёгони тоҷикон мебошад.
Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузург мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».
Дар ин раванд қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 - 2028), ки аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.
Тайи чанд соли охир бо супориши бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор намудани озмунҳои гуногун аз қабили “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва монанди инҳо, қишрҳои гуногуни ҷомеро барои мутоила ва аз бар намудани китобҳои сатҳҳои гуногун ва ихтироотҳои нав ба нав рӯ ба рӯ намудааст, ки ин ҳама арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, ҳимоят аз онҳо, аз бар кардан ва донистани таърихи гузаштаи худ мебошад.
Маҳз барои иҷрои қарорҳои қисматсози Иҷлосияи XVI ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лозим омад то дар қатори садҳо масоили мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили роҳсозӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини қишри камбизоати мардум, ба ҷойҳои зист баргардондани муҳоҷирон, тайёр намудани ҷойҳои корӣ, истифодаи оқилонаи инвиститсияҳои хориҷӣ, таъмини истиқлолияти энегетикӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидори илмию фарҳангӣ ва боз садҳо кору ташвиши дигарро, ки танҳо номоварди онҳо даҳҳо саҳифаро пур хоҳад кард, дар назар дошта, роҳи ҳалли онҳоро ёбанд. Таъмини ваҳдати комил низ бевосита ба ҳалли ин масоил вобаста буд. Хушбахтона дар ҳамаи ин самтҳо бо сабабҳои воқеӣ рушди дилхоҳи сураътафзо таъмин нашуда бошад ҳам, баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба дастовардҳои муҳим соҳиб шуда тавонистем. Фазои сулҳу оромӣ имкон дод, ки масоили зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ба тадриҷ ҳалли худро ёфтаву барои рушди суръатноки онҳо дар даҳсоли дуюми асри навин заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи шонздаҳум дар таърихи муосири халқи тоҷик ҳамчун падидаи наҷотбахш ва сарнавиштсоз дорои нақши бузурги таърихӣ мебошад, ки он пеш аз ҳама дар иҷрои корҳои зерин зоҳир мегардад: наҷоти миллат ва истиқлоли давлатӣ; ибтидои баҳамоии миллат ва ҷомеаи кишвар; барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва азнавсозии сохтори давлатӣ; такмил ва таҳкими низоми конститутсионии ҳокимияти давлатӣ; ибтидои эътидоли вазъи сиёсӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, ризоят ва оштии миллӣ; ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, танзими муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ; таҳкими оину русуми давлатдорӣ, пеш аз ҳама ташкил ва қабули рамзу нишонҳои давлатдории навини миллӣ; муроҷиат ба ҷомеа ҷаҳонӣ ва сарони давлатҳо барои инкишофи равобити неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ; интихоби роҳбарияти нави олии ҷумҳурӣ.
Имрӯзҳо бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз як гиребон сар бароварда, сиёсати сулҳҷӯёнаю созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намояд.
Ҳусайнов А.Қ.,
мудири кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj