• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ВИКТОРИНАИ ҲОЗИРҶАВОБОН МИЁНИ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШҶӮЁН
Возможно, это изображение 6 человек, помост, Овальный кабинет и текстШоми 8-юми ноябри соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон чорабинии иттилоотӣ–фарҳангӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар миёни дастаҳои хобгоҳҳои донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони "Викторинаи ҳозирҷавбон" баргузор гардид.
Чорабиниро Нигора Назарзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ва 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ табрик намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дастаҳо бо ҳам рақобат намуда, ҷойи якум насиби дастаи “Устувораи куруш”-и хобгоҳи №6, ҷойи дуюм насиби дастаи “Пайравони Пешвои миллат”-и хобгоҳи №2 ва ҷойи сеюм насиби дастаи “Сулҳ”-и хобгоҳи №7 гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Раҷабов Дилшод ва аъзои ҳакамон баромад намуда, ҷавобҳои дастаҳоро шарҳу тавзеҳ дода, ғолибонро муайян намуд. Ғолибони озмун бо дипломҳои Раёсати донишгоҳ ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи фарҳангӣ саршор аз сурудҳои ҷаззоби аъзоёни ансамбли «Чеҳранамо»-и донишгоҳ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj