Хабарҳо
|
МАҚОМИ ДОНИШГОҲ НАТАНҲО ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЛКИ ДАР БАЙНАЛМИЛАЛӢ НИЗ НАЗАРРАС АСТ
![Возможно, это изображение 1 человек, учится и текст](https://scontent.fdyu1-1.fna.fbcdn.net/v/t39.30808-6/410992507_691073566462945_7425170318628810139_n.jpg?_nc_cat=105&ccb=1-7&_nc_sid=dd5e9f&_nc_ohc=YWA4IDOmoNMAX--t44P&_nc_ht=scontent.fdyu1-1.fna&oh=00_AfDTcG_24Z1fGiE7BfmwbeVfQ-pRw7KC9i6hUGe7S1Z9nw&oe=65821D16) Ёдовар мешавем, ки санаи 07.12.2023 шаш нафар донишҷӯёни факултети забонҳои романӣ-германӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ аз забонҳои олмонӣ ва англисӣ иштирок намуданд. Тибқи натиҷа санаи 14.12.2023 маълум гардид, ки дар олимпиадаи мазкур донишҷӯи курси 2-юми факултет Раҳматуллозода Саидакрам аз забони олмонӣ дар байни 20 донишгоҳҳои оллии Федератсияи Русия ва Осёи Миёна ҷой 2-юм ва донишҷӯй курси 5-уми факултет Аҳрорзода Мафтуна ҷой 3-юмро ишғол намуданд. Аз рӯй натиҷагирии гурӯҳӣ бошад Донигоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар байни 20 донишгоҳҳои
бонуфузи байналмилалӣ бо бадаст овардани 100 хол ҷой 2-ро ишғол намуд. Ҷой аввалро бошад донишгоҳи дустии халқҳо ба номи Патриса Лумумбаи Русия дар шаҳри Москав бо гирифтани 104,5 хол ба даст овард. |